Ирсоли 5000 тонна орд аз Қазоқистон ба Тоҷикистон
(last modified Wed, 13 May 2020 12:33:23 GMT )
Май 13, 2020 17:33 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли 5000 тонна орд аз Қазоқистон ба Тоҷикистон

Қазоқистон панҷ ҳазор тонна орд ба Тоҷикистон кумак расонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ТоҷикТа, ин кумакҳо бо ҳузури Аскар Тозибоев- сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон ба макомоти тоҷик таҳвил дода шуд. Сафири Қазоқистон дар Душанбе гуфт: Бар асоси фармони давлати Қазоқистон, ба манзури ироаи кумакҳои башардӯстона, панҷ ҳазор тонна орд ба Тоҷикистон таҳвил дода шуд. Аскар Тозибоев хотирнишон кард: Қазоқистон ҳар сол ба Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона ирсол мекунад.

Ӯ афзуд: Арзиши ин кумакҳо аз соли 2006 то кунун ҳудуди 38 миллион доллар аст.