Май 18, 2020 12:03 Asia/Dushanbe
  • Мақоми нахусти Тоҷикистон дар омори фавтиҳои коронавирус дар Осиёи Марказӣ

Тоҷикистон аз назари шохиси теъдоди мавридҳои фавти беморони КОВИД-19 дар ҷои нахусти Осиёи Марказӣ қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, бино бар эъломи Вазорати тандурустии Тоҷикистон то рӯзи 17 май теъдоди кулли мубталоён ба КОВИД-19 дар ин кишвар ҳазору 524 нафар ҳастанд ва бо фавти се нафари дигар бар асари ин беморӣ, теъдоди кулли фавтиҳо ба 39 нафар расидааст.

Аммо сомонаи мустақили омори мубталоён ва фавтиҳои КОВИД-19 дар Тоҷикистон теъдоди ҷонбохтагони ин бемориро то рӯзи 17 май 249 нафар эълом кардааст.

Дар ҳамин ҳол манобеи ғарбӣ воқеӣ будани омори расмии қурбониёни коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказиро зери савол бурдаанд.

То кунун бино бар гузоришҳои расмӣ дар Қазоқистон 34 нафар, дар Қирғизистон 14 нафар ва дар Узбакистон 12 нафар бар асари КОВИД-19 ҷон бохтаанд.

Давлати Туркманистон низ ҳеҷ оморе дар бораи афроди мубтало ва ҷонбохта бар асари коронавирус эълом намекунад.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон вуҷуди танҳо як озмоишгоҳи вижаи ташхиси коронавирус дар ин кишварро таъид мекунад, ки рӯзона 250 озмоиш анҷом медиҳад.

Мутахассисон мегуянд: Агар кор ба ҳамин суръат идома ёбад, танҳо барои ташхиси як дарсад аз ҷамъияти беш аз 9 миллион нафарии Тоҷикистон 400 рӯзи корӣ лозим хоҳад буд.

 

Барчасп