Май 18, 2020 17:01 Asia/Dushanbe
  • Бозкушоии чор фурудгоҳ дар Узбакистон

Чор фурудгоҳ дар Узбакистон бозкушоӣ шуд.

Бино ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз Эки пресс, Узбакистон парвозҳои дохилии худро аз Тошканд ба мақсади Нукус, Урганҷ ва Термиз оғоз кард.

 Ин иқдом тибқи қарори Комиссияи махсуси муқобила бо коронаи Узбакистон сурат гирифтааст.

Комиссияи махсуси муқобила бо коронаи кишвар ҳамчунин дар баёнияе  аз мусофирон хост то мутобиқ бо илзомоти карантин аз ниқоб ва дасткашҳо истифода кунанд ва гувоҳии озмоишгоҳии манфӣ будани коронавирусро ҳамроҳи худ дошта бошанд.