Май 19, 2020 14:11 Asia/Dushanbe
  • Одобу русуми қирғизҳо дар моҳи Рамазон

Расми шеърхонии кӯдакон дар моҳи Рамазон бо номи «Ҷомозон» ё «ҶорРамазон» яке аз русуми мардуми Қирғизистон аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, шеърхонии кӯдакон, ки як суннати истисноӣ дар Осиёи Миёна аст расме аст, ки ба пеш аз таърихи ислом бармегардад аммо пас аз ислом низ ҳамчунон идома ёфтааст. Кӯдакон ба дари хонаҳо рафта ва овозҳои рамазонӣ мехонанд.

ҶорРамазон аз иборати «ҷор солу» дар забони қирғизӣ ва забонҳои туркӣ ба маънии «нидо кардан ва огоҳӣ расондан» гирифта шудааст.

Маъмулан хондани ҶорРамазон аз понздаҳумин рӯзи моҳи Рамазон вақти аср баъд аз ифтор шуруъ мешавад. Дар гузаштаҳо ин амалро фақирон анҷом медоданд  вале ҳам акнун ба расме дар миёни ҷавонон ва навҷавонон табдил шуда, ки ба дари хонаи мардум рафта ва онҳо низ маблағе пул ё хӯрокӣ ба онҳо медиҳанд.

Яке аз русуми ашоири қирғиз дар айёми Рамазон, қурбонӣ кардан аст ва барои ҷашнҳои Рамазон буз қурбонӣ мекунанд ва аз гӯшти он барои маросими ифторӣ хӯрок дуруст мекунанд.

Намози таровеҳ ҳар шаб ва дар тӯли моҳи Рамазон дар масҷидҳо хонда мешавад. Илова бар ин, Ҳамзамон бо хондани намози таровеҳ дар аснои он Қуръони каримро низ хатм мекунанд. Барои қирғизҳо аёдат аз афроди бемор ва дар роҳмонда ва додани садақаи Фитр ба хонаводаҳои ниёзманд ва фақир, аз суннатҳои марсум дар моҳи мубораки Рамазон аст.

Дар дастархони ифтории мусулмонони Қирғизистон ҳатман хурмо,нон, хуриш, об ва нӯшобаҳои суннатӣ монанди чоӣ ва «чолоп», хӯрокҳое монанди палов, шӯрбо ва анвои супҳо ёфт мешавад.