Май 20, 2020 20:02 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисони ҷумҳури Эрон ва Қазоқистон бар густариши равобити дуҷониба

Раисони ҷумҳури Эрон ва Қазоқистон, равобити ду кишварро рӯ ба тавсеа донистанд ва таъкид карданд, барои густариши ин равобит дар ҳавзаҳои шавқманд, ҳамаи талоши худро бакор хоҳанд гирифт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ- раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Қосим Токаев- раиси ҷумҳури Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбе дар як гуфтугӯи телефонӣ, бо ишора ба ин ки бемории корона мушкилоти фаровонеро барои ҷаҳон эҷод кардааст, табодули таҷрибаҳои кишварҳо дар мубориза бо бемории коронаро дорои аҳамият унвон карданд.

Рӯҳонӣ ва Токаев бо баёни ин ки Эрон ва Қазоқистон ҳамеша дар рӯзҳои сахт дар канори ҳам будаанд тасреҳ карданд, вазоратхонаҳои беҳдошти ду кишвар дар арсаи мубориза бо бемории корона ва ба вижа имконоти содиротии Эрон дар хусуси колоҳое монанди вентилиатор, ниқоби тибии N-95 ва тести ташхис ҳамкории бештаре хоҳанд дошт.

Раисони ҷумҳурии Эрон ва Қазоқистон ҳамчунин бо ишора ба идома ёфтани таҳримҳои ғайриқонунии Амрико дар шароити шуйюи коронавирус ва асароте, ки ин таҳримҳо бар зиндагии мардум бар ҷой гузоштааст, бар зарурати рафъи ин таҳримҳо ба вижа дар шароити кунунӣ таъкид карданд.

Рӯҳонӣ дар ин гуфтугӯ бо баёни ин ки рафъи монеаҳои транзитии райлӣ ва ҷодаӣ ва ҳамкории бонкӣ ва ниҳоӣ шудани мувофиқатномаи сабукии судури виза ва раводиди тиҷорӣ байн Эрон ва Қазоқистон дорои аҳамият аст, гуфт: Ин системи коло метавонад раванди тиҷории ду кишварро тақвият кунад ва Эрон омодааст ин созу кор барқарор шавад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки равобити иқтисодии Эрон ва Қазоқистон дар чорчуби равобити дуҷониба ва Иттиҳодияи АвруОсиё бисёр хуб аст ибрози умедворӣ кард, бо убур аз корона ва дар шароити феълӣ низ бо риояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ равобити ду кишвар ба хубӣ тавсеа ёбад.