Марзҳои Эрон, Туркманистон ва Узбакистон бозгушоӣ мешавад
Марзҳои райлӣ ва ҷоддаӣ байн се кишвари Эрон, Туркманистон ва Узбакистон, ки ба хотири густариши корона баста шудааст аввали июн бозгушоӣ хоҳад шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНО, Ғуломаббос Арбобхолис- сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Туркманистон рӯзи шанбе гуфт: Ройзанӣ ва машваратҳои дипломатик ва сиёсӣ ба таври рӯзона барои бозгушоии марзҳо бо ҳадафи аз саргирии содирот, транзит ва табодули коло бо Туркманистон ва дигар кишварҳои минтақа идома дорад.
Арбобхолис афзуд: Дар чорчуби ин музокирот рӯзи гузашта нишасти сеҷонибаи раисони роҳи оҳани давлатии се кишвари ёдшуда ба сурати видеоконфронс баргузор ва муқаррар шуд роҳҳои оҳани ин кишварҳо то аввали июн бо насби нақбҳои безараргардонидашуда дар ду тарафи марзҳо ва бо риояти стандартҳои мушобеҳ ва ҳамсон бо якдигар, бозгушоӣ шавад.
Вилояти Хуросони разавии Эрон аз шимолу шимоли шарқ дорои ҳудуди 531 километр марзи муштарак бо Ҷумҳурии Туркманистон аст ва тиҷорати ҷоддаӣ ва райлии Эрон бо Осиёи Марказӣ аз тариқи гузаргоҳҳои марзии ин вилоят бо Туркманистон анҷом мешавад.