Май 27, 2020 20:48 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мубталоён ба корона дар Қирғизистон ва Узбакистон

Муовинони вазири беҳдошт дар Қирғизистон ва Узбакистон шумори мубталоён ба коронаро дар кишварҳои худ ба тартиб ҳазору панҷсаду бист, ва сивусе ҳазору 33 нафар эълом карданд.

Ба гузориши яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, Нурболот Эсанбоев, муовини вазири беҳдошти Қирғизистон рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарӣ бо эъломи шиносоии 52 мавриди ибтилои корона дар ин кишваргуфт, густариш ва ибтило ба ин вирус дар тамоми устонҳои Қирғизистон идома дорад.

Эсанбоев афзуд, то кунун низ шонздаҳ нафар бар асари ибтило ба бемории “Ковид -19” дар Қирғизистон ҷон бохтаанд.

Вазорати беҳдошти Узбакистон ҳам эълом кард, то имрӯз - чаҳоршанбе дар ин кишвар ду ҳазору шашсаду сивушаш нафар аз корона беҳбуд ёфтанд ва 14 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.