Ҳушдори Вазорати беҳдошти Афғонистон дар бораи "мусибати бузург"
(last modified Sun, 31 May 2020 06:35:19 GMT )
Май 31, 2020 11:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Вазорати беҳдошти Афғонистон дар бораи

Муовини вазири беҳдошти Афғонистон дар бораи паёмадҳои густариши коронавирус ба мардуми ин кишвар ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ариё-Ниюз, Ваҳиди Маҷруҳ рӯзи якшанбе ҳушдор дод агар мардум дар мубориза бо бемории КОВИД-19 бо ин вазоратхона ҳамкорӣ накунанд Афғонистон ба мусибати бузург гирифтор хоҳад шуд.

Ин мақоми Вазорати беҳдошти Афғонистон мегӯяд мутаассифона доманаи коронавирус дар ин кишвар дар ҳоли густариш аст ва танҳо роҳи муқобила бо он истифода аз ниқоби тиббӣ, ҳифзи фосилагирии иҷтимоӣ, пешгирӣ аз ҳузур дар маконҳои серодам ва шустани дастҳо аст.

Бар асоси Вазорати беҳдошти Афғонистон то кунун 13 ҳазору 660 нафар дар ин кишвар ба коронавирус гирифтор ва 246 нафар низ фавт шудаанд.

Дар ҷаҳон низ то кунун ҳудуди шаш миллиону 200 ҳазор нафар ба бемории КОВИД-19 мубтало шуда ва 380 ҳазор нафар низ ҷон бохтаанд.