Июн 01, 2020 17:07 Asia/Dushanbe
  • Даргирии марзӣ мавзӯи гуфтугӯи мақомоти аршади Қирғизистон ва Ӯзбекистон

Баррасии иллати даргирии ахир дар манотиқи марзии Ӯзбекистон ва ва Қирғизистон миҳвари дидори масъулони ду кишвар эълом шудааст.

Ба гузориши радиоии бурун марзии Садои Хуросон, Кубатбек Боронов муовини вазири Қирғизистон ва Абдулло Орипов нахуст вазири Ӯзбекистон ба далели даргирӣ дар манотиқи марзии байни сокинони Боткенти Қирғизистон ва минтақаи Сухи Ӯзбекистон бо якдигар музокара мекунанд. 

Илова бир ин, тарафайн бо сокинони манотиқи мазкур дидор ва иттилооте дар бораи вазъияти марзҳои муштарак ва иқдомот барои ҳифзи субот ироа хоҳанд кард. 

Рӯзи гузашта сокинони манотиқи марзии ду кишвар бо якдигар даргир шуданд, аммо дар ҳоли ҳозир вазъият таҳти контрол аст ва мақомоти расмӣ дар ҷиҳати оддисозии вазъият иқдом мекунанд.