Июн 03, 2020 20:55 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазири иқтисоди Қирғизистон бар ҳамкорӣ бо ширкатҳои эронӣ

Вазири иқтисоди Қирғизистон дар дидор бо сафири Эрон бар ҳамкорӣ бо ширкатҳои эронӣ таъкид кард.

Саид Харрозӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Қирғизистон ва Санҷар Муканбетов, вазири иқтисоди Қирғизистон бо якдигар дидор карданд.

Ба гузориши “Форс”, дар ин дидор Муканбетов зимни табрики таъйини Харрозӣ ба унвони сафири ҷадид дар ҷумҳурии Қирғизистон изҳори умедворӣ кард, равобити байни ду кишвар дар муддати маъмурияти вай бо ҳамкории ду тараф раванди рӯ ба афзоиш дошта бошад.

Харрозӣ низ изҳори умедворӣ кард, ки мубодилоти тиҷорӣ, ки дар ду моҳи ахир ба далели шуюъи корона мутаваққиф шуда буд, дубора барқарор шаваду шоҳиди ҷуброни хисороти иқтисодии ношӣ аз он дар моҳҳои оянда бошем.

Ҳамчунин тарафайн бар эҷоди ташкили кумитае ҷиҳати пайгирии тавофуқоти санади дувоздаҳумин комиссияи муштараки иқтисодӣ байни ду кишвар таъкид доштанд.

Дар поён Муканбетов зимни изҳори алоқамандӣ ба ҳамкорӣ бо ширкатҳои эронӣ, аз кумакҳои эҳдоии башардӯстонаи Хуросони Разавӣ ба Қирғизистон дар ростои мубориза бо шуюъи коронавирус қадрдонӣ кард.