Июн 05, 2020 17:15 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон ҳам бо миёнҷигарии Русия мухолифат кард

Пас аз Тоҷикистон, Қирғизистон низ пешниҳоди Маскавро барои миёнҷигарӣ дар масоили марзии байни ду кишвар рад кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Уланбек Деҳқонбоев, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон дар вокуниш ба пешниҳоди Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия барои миёнҷигарӣ дар масоили марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон гуфт, далели аслии даргириҳо байни сокинони рустоҳо ва марзбонон дар марзҳои муштараки ду кишвар костиҳои ҳуқуқӣ аст ва касе ҳаққи дахолат дар умури дохилии ду кишварро надорад.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон низ пештар дар вокуниш ба пешниҳоди Маскав номаи эътирозӣ содир кард ва дахолати Маскавро дар ин мавзуъ нописанд донист.

Дар ҳоли ҳозир музокирот миёни Бишкек ва Душанбе барои суботи комили вазъият дар минтақаи марзӣ идома дорад.

Қирғизистон ва Тоҷикистон 978 километр марзи муштарак доранд, ки то кунун 520 километр аз он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.