Номгузории хиёбоне дар Тошканд ба номи Камолиддин Беҳзод
(last modified Sun, 07 Jun 2020 06:17:50 GMT )
Июн 07, 2020 11:17 Asia/Dushanbe
  • Номгузории хиёбоне дар Тошканд ба номи Камолиддин Беҳзод

Хиёбоне дар Тошканд ба номи Камолиддин Беҳзод номгузорӣ мешавад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз АКИпресс, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон дастур дод то бурсияи таҳсилӣ ва ҷоизае ба номи Камолиддин Беҳзод ба нухбагони фарҳангӣ ва илмии кишвар эъто шавад.

Ҳамчунин раиси ҷумҳури Узбакистон дастури номгузории хиёбоне дар Тошканд ба номи Камолддин Беҳзодро содир кард.

Бар асоси фармони раиси ҷумҳури Узбакистон имсол маросими пансаду шасту  панҷумин солгарди зодрӯзи Беҳзод баргузор мешавад.

Камолиддин Беҳзод рассоми эронии қарнҳои нуҳум ва даҳуми ҳиҷрӣ ва дар дарбори подшоҳони Темурӣ ва Сафавӣ соҳиби мансаб буд ва барои навофаринӣ дар рассомии эронӣ шинохта шудааст.