Боздошти даҳҳо фаъоли сиёсӣ дар Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i54308-Боздошти_даҳҳо_фаъоли_сиёсӣ_дар_Қазоқистон
Пулиси Қазоқистон даҳҳо нафар аз фаъолони ду ҳизби мухолифро, ки қасд доштанд, имрӯз якшанбе дар чандин шаҳри ин кишвар, дар ҳимоят аз ислоҳоти демократӣ роҳпаймоӣ баргузор кунанд, боздошт карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 07, 2020 17:47 Asia/Dushanbe
  • Боздошти даҳҳо фаъоли сиёсӣ дар Қазоқистон

Пулиси Қазоқистон даҳҳо нафар аз фаъолони ду ҳизби мухолифро, ки қасд доштанд, имрӯз якшанбе дар чандин шаҳри ин кишвар, дар ҳимоят аз ислоҳоти демократӣ роҳпаймоӣ баргузор кунанд, боздошт карданд.

Ба нақл аз ИРНА, пулис ва нерӯҳои вижа, чандин майдони марказӣ ва хиёбонро дар шаҳри Алмаато муҳосира ва дастикам 100 нафар аз фаъолонро боздошт карданд.

Боздоштҳо ҳамчунин дар Нурсултон, пойтахти Қазоқистон ва чанд шаҳри дигари ин кишвар идома доштааст.

Ду ҳизби мухолифи гурӯҳи ибтикори Ҳизби демократ ба раҳбарии фаъоли сиёсӣ Жанбулат Мамой ва Ҷунбиши инитихоби демократии Қазоқистон, ба раҳбарии бонкдори собиқ, Мухтор Аблиёзов, ки дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ  мекунад, хостори тазоҳуроти эътирозомез дар шаҳрҳои Қазоқистон буданд.

Ширкаткунандагон дар таҷаммӯот, хоҳони афв ва озодии зиндониёни сиёсӣ ва мамнӯияти фурӯши замин ба бегонагон ҳастанд.