Ахбори корона аз Туркманистон ва Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i54338-Ахбори_корона_аз_Туркманистон_ва_Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Туркманистон аз сохти марокизи беҳдоштӣ дар гузаргоҳҳои марзии ин кишвар барои пешгирӣ аз вуруди афроди олуда ба корона хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 08, 2020 12:58 Asia/Dushanbe
  • Ахбори корона аз Туркманистон ва Тоҷикистон

Вазири умури хориҷаи Туркманистон аз сохти марокизи беҳдоштӣ дар гузаргоҳҳои марзии ин кишвар барои пешгирӣ аз вуруди афроди олуда ба корона хабар дод.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон,  Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов рӯзи душанбе гуфт: ин марокизи беҳдоштӣ  дар шаҳрҳои "Туркманобод" ва "Карабоғаз" сохта мешавад.

То кунун расман мавриди корона дар Туркманистон сабт нашудааст ва коршиносони созмони беҳдошти ҷаҳонӣ и нро таъйид карданд.

Аз сӯи дигар Вазорати беҳдошт ва ҳифозати иҷтимоии Тоҷикистон аз вуруди тими муташаккил аз пизишкони лаҳистонӣ бо ҳадафи муқобила бо корона ба ин кишвар хабар дод.

Бар асоси ин гузориш, ин тими муташаккил аз 16 пизишки муттахассиси лаҳистонӣ ва 3  коршиноси Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ аст.