Июн 09, 2020 13:24 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон ва ҷанги расонаии нав алайҳи Русия

Бархе танишҳо бо интишори иттилооти кизб ва бардурӯғ дар бораи тавофуқи Бишкек ва Маскав бар сари пойгоҳи Русия дар ин кишвар дар сайтҳои хабарии маҳаллӣ шиддат гирифт.

Ба гузориш радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Григори Михаилов- коршиноси масоили сиёсии Русия бо ишора ба роҳандозии ҷанги иттилоотӣ алайҳи пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон гуфт: Дар раванди густариши иттилооти козиб ва бардурӯғ дар бораи пойгоҳи низомии Русия воқеъ дар шаҳри Қанди Қирғизистон гурӯҳи андаке аз намояндагони ҷунбишҳои зидди рус ва ҳатто опозисиюн ширкат карданд.  

Вай афзуд: Барои созмонҳои ғайридавлатӣ ҳаргуна иттилооти манфӣ дар бораи Русия ҳадияе бузург аст ва опозисиюн аз овозаҳо барои мубориза бо давлат истифода мекунад.  

Ин коршинос афзуд: Қарор буд дар санаи 4 июни соли ҷорӣ маҷмӯаи ислоҳот дар қонуни марбут ба фаолияти пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон дар парлумони қирғиз ироа шавад, ки мақомоти ду кишвар хоҳони мудирияти пойгоҳ тибқи он қонун буданд, аммо ба далели танишҳои иҷтимоӣ баррасии он санад ба ақиб афтод.  

Михаилов хотирнишон кард: Дар байни ислоҳот афзоиши маблағи иҷораи замини пойгоҳ низ қарор дорад, ки акнун ба 4.7 миллион доллар мерасад. Илова бар ин артиши Русия низ барномаи таъмири фурудгоҳи низомиро муаррифӣ кард.  

Коршиноси рус гуфт: Матни ислоҳот дар таърихи 28 марти соли 2019 дар дидори раисони ҷумҳури Русия ва Қирғизистон дар шаҳри Бишкек ба имзо расид. Бар асоси ислоҳот, замини пойгоҳ мутааллиқ ба давлати Қирғизистон аст ва Русия он заминро иҷора мекунад.  

Ин коршинос изҳор дошт: Дар санад ишора шуда, ки таъмиру беҳсозии фурудгоҳ  2 миллион рубл ҳазина дорад. Тарафи қирғиз хоҳони он аст, ки давлати Русия нисбат ба таъмири он иқдом кунад.