Сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Маскав
Июн 11, 2020 14:23 Asia/Dushanbe
Раисҷумҳури Узбакистон барои ширкат дар маросими солгарди пирӯзии Шӯравӣ дар ҷанги ҷаҳонии дувум ба Маскав сафар мекунад.
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳур Узбакистон барои ширкат дар маросими ҳафтодупанҷумин солгарди пирӯзии Шӯравӣ дар ҷанги ҷаҳонии дувум дар 24 июн, ба Маскав сафар мекунад.
Тибқи барнома, раисони ҷумҳурии кишварҳои Қазоқистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Сербистон ва Хорватия дар ин маросим ҳузур хоҳанд дошт.
Баргузории ин маросим 9 май (Рӯзи Ғалаба) барномарезӣ шуда буд, аммо ба далели густариши бемории корона ба таъхир афтод.