Июн 12, 2020 17:17 Asia/Dushanbe
  • Вазъияти хатарноки корона дар Қирғизистон

Муовини вазири умури хориҷаи Қирғизистон гуфт, шуюъи корона дар ин кишвар ҳамчунон хатарнок аст ва бояд усули беҳдоштӣ риоят шавад.

Нурболо Эсанбоев гуфт, ҳар рӯз шумори мубталоён ва омори даргузаштагони “Ковид -19” афзоиш меёбад ва дар сурате, ки мардум усули беҳдоштиро риоят накунанд, талошҳои пизишкон бесамар хоҳад шуд.

Муовини вазири умури хориҷаи Қирғизистон бо эъломи 38 мавриди коронаи ҷадид дар ин кишвар гуфт, шумори мубталоён дар ин кишвар ба ду ҳазору 93 нафар расид ва то кунун 26 нафар фавт кардаанд.

409 пизишк низ ба корона мубтало шуданд, ки 294 нафар аз онон беҳбуд ёфтанд.

Нахустин мавориди корона дар Қирғизистон 18 марти соли ҷорӣ сабт шуд ва дар ин кишвар карантини умумӣ ва ҳатто дар бархе манотиқ вазъияти фавқуллода ҷорӣ шуд.