Июн 13, 2020 09:58 Asia/Dushanbe
  • Дархости Қирғизистон дар хусуси таҳкими равобит бо Узбакистон

Раисҷумҳури Қирғизистон гуфт: Бишкек барои таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳифзи равобит бо Узбакистон талош мекунад.

Соронбай Жээнбквов, раисҷумҳури Қирғизистон рӯзи ҷумъа бо ишора ба иштирокоти миёни ҷумҳуриҳои истиқлолёфта  аз Шӯравӣ гуфт: Бишкек тавсиаи беш аз пеши тиҷорат ва таҳкими  равобит бо ҳамсоягони худ, аз ҷумла Узбакистонро хостор аст.

Жээнбеков таъкид кард: Қирғизистон барои таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳифзи равобит бо Узбакистон талош ва тамоми масоилро ҳаллу фасл хоҳад кард.

Суханони раисҷумҳури Қирғизистон дар ҳоле аст, ки чанд рӯзи гузашта дар марзҳои муштараки ин кишвар бо Узбакистон даргирӣ байни атбои узбак ва қирғиз рух додааст.