Июн 13, 2020 19:54 Asia/Dushanbe
  • 178 коргари муҳоҷири тоҷик дар марзи Қазоқистон ва Узбакистон дармондаанд

Як гурӯҳи 178 нафарӣ аз коргарони муҳоҷири тоҷик чанд рӯзе аст, ки дар марзи муштараки Қазоқистон ва Узбакистон мунтазири бозгушоии гузаргоҳҳо ва бозгашт ба Тоҷикистон мебошанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи CentralAsia TJ,  50 нафар аз ин афрод муддаӣ шудаанд, ки мақомоти Қазоқистон ҳукми ихроҷи ононро содир кардаанд ва агар таи се рӯз қаламрави ин кишварро тарк накунанд, ба зиндон мунтақил хоҳанд шуд.

Аммо манобеи сафорати Тоҷикистон дар Нурсултон мегӯянд, ки бар асоси тавофуқи дуҷониба, мақомоти Қазоқистон мутааҳҳид шудаанд дар давраи густариши вируси корона ва то рӯзи 10 июли имсол шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷумла тоҷикҳоро ихроҷ накунанд.

Бо ин ҳол бархе аз коргарони муҳоҷири тоҷик нусхаи ҳукми додгоҳҳои Қазоқистон дар бораи ихроҷи хешро дар даст доранд, ки нишон медиҳад бар хилофи суханони мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон чунин тасмиме гирифта шудааст.

Аввалҳои моҳи июни имсол мақомоти Тоҷикистон бо кумаки молии Созмони умумиҷаҳонии муҳоҷират муваффақ шуданд 200 коргари муҳоҷири хешро аз марзи муштараки Қазоқистон ва Узбакистон ба Ватан бозгардонанд.

Гуфта мешавад, ки теъдоде аз ин афрод пас аз таътили марокизи тавлидӣ ва тиҷории Русия ба далели густариши вируси корона ва аз даст додани шуғли худ маҷбур шудаанд аз роҳи заминӣ ба Қазоқистон, Узбакистон ва дар ниҳоят ба Тоҷикистон бирасанд.