Афзоиши шумори мубталоён ба Корона дар Узбакистон
Июн 18, 2020 09:51 Asia/Dushanbe
Вазорати тандурустии Узбакистон аз афзоиши мубталоён ба Корона дар ин кишвар ба панҷ ҳазору 561 нафар хабар дод.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , дар Узбакистон чорҳазору 96 нафар аз Корона беҳбуд ёфтаанд ва 19 нафар низ ҷони худро аз даст доданд.
Бар асоси ин гузориш, дар ҳоли ҳозир ҳазору 446 бемор дар бемористонҳои ин кишвар бистарӣ ҳастанд ,ки ҳоли 13 нафар аз онҳо вахим эълон шудааст.