Масоили гумрукӣ, меҳвари музокироти мақомҳои Қирғизистон ва Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i54635-Масоили_гумрукӣ_меҳвари_музокироти_мақомҳои_Қирғизистон_ва_Қазоқистон
Нахуствазири Қирғизистон бо ҳамтои қазоқи худ телефонӣ дар бораи беҳбуди равобит ва ҳалли масоили гумрукӣ миёни ду кишвар гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 18, 2020 18:19 Asia/Dushanbe
  • Масоили гумрукӣ, меҳвари музокироти мақомҳои Қирғизистон ва Қазоқистон

Нахуствазири Қирғизистон бо ҳамтои қазоқи худ телефонӣ дар бораи беҳбуди равобит ва ҳалли масоили гумрукӣ миёни ду кишвар гуфтугӯ кард.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи Форс, Кубатбек Боронов, нахуствазири Қирғизистон ва Аскар Мӯъмин, нахуствазири Қазоқистон дар ин гуфтугӯи телефонӣ дар мавриди иҷрои тавофуқоти ҳосила дар музокироти пешин ва масоили марбут ба мудирият и сервисҳои гумрукӣ миёни ду кишвар гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Дар солҳои ахир дар равобити дуҷонибаи Қазоқистон ва Қирғизистон, масоили марбут ба мудирияти сервисҳои гумрукӣ шиддат ёфтааст то ҷое, ки мақомоти ду кишвар дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла иттиҳодияи иқтисодии ЕвраАзия ва Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ алайҳи якдигар шикоят кардаанд.