Тардиди Узбакистон дар бораи кайфияти омӯзиш дар ҳашт донишгоҳи Тоҷикистон
(last modified Fri, 19 Jun 2020 16:25:29 GMT )
Июн 19, 2020 21:25 Asia/Dushanbe
  • Тардиди Узбакистон дар бораи кайфияти омӯзиш дар ҳашт донишгоҳи Тоҷикистон

Комиссияи арзёбии кайфияти омӯзиши вобаста ба ҳайати вазирони Узбакистон раванди таълим дар ҳашт донишгоҳи Тоҷикистонро посухгӯи ниёзи бозори кори он кишвар намедонад.

Ба гузориши сомонаи “Фарғона”, дар ин иттилоия эълом шудааст, ки кайфияти тадрис дар ҳашт донишгоҳи Тоҷикистон барои таҳсили донишҷӯёни узбакистонӣ пойин мебошад ва омӯзиши кадрҳои мавриди ниёзи Тошканд мутобиқ бо барномаҳои бозори кори Узбакистон нест.

Дар ин феҳрист Донишгоҳи озод, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи омӯзгории Душанбе, Донишгоҳи молиёт ва ҳуқуқ, Донишгоҳи давлатии Бохтар, Донишгоҳи забонҳо, Донишгоҳи мудирияти бахши хусусӣ ва Донишгоҳи ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон гунҷонда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки бо тасмими давлати Узбакистон дар соли 2019 теъдоди зиёде аз донишҷӯёни узбакистонӣ, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон машғул ба таҳсили улум буданд, барои идомаи омӯзиш ба кишварашон бозгардонда шуданд.

Аз сӯи дигар, ба довталабони узбакистонӣ тавсия шудааст, ки ба далели кайфияти матлуби омӯзишӣ дар Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи кишоварзӣ, Донишгоҳи тиббӣ, Донишгоҳи технологияҳои нав, Мактаби олии полис ва Донишгоҳи ҳунар (санъат)-и Тоҷикистон, онон метавонанд дар ин марокиз ба таҳсил машғул шаванд.