Июн 22, 2020 18:53 Asia/Dushanbe
  • Вазири беҳдошти Қирғизистон:  Маҷбур ба вазъи муҷаддад қарантина хоҳем шуд

"Агар шумораи беморон афзоиш ёбад, мо маҷбур мешавем маҳдудиятҳои ҷиддиро дубора ворид кунем", - гуфт вазири тандурустии Қирғизистон.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон, Собирҷон Абдулкаримов, вазири тандурустии Қирғизистон афзуд: "Мутаассифона, шумораи мубталоён ба корона рӯз ба рӯз афзоиш меёбад ва агар ин раванд идома ёбад, маҷбур ба вазъи муҷаддади маҳдудиятҳои ҷиддӣ хоҳем шуд".

Вай гуфт: "Ҳар рӯз беш аз 150 маворид сабт мешавад, бинобарин анҷоми иқдомоти ҷиддитар дар заминаи вазъи маҳдудиятҳо лозим аст.

Ин мақом тасреҳ кард: Ситоди пешгирӣ аз густариши корона, тасмим ба мамнуъияти тараддуди васоили нақлияи умумӣ гирифт.

Абдулкаримов хотирнишон кард: Бархе шаҳрвандон дар маросимҳое, монанди ҷашни арӯсӣ усули беҳдоштиро риоят намекунанд ва ин гуна иқдомот ба рушди омори корона мунҷар мешавад.

Шумораи мубталоёни корона дар Қирғизистон ба 3356 расид, ки 2021 нафар беҳбуд ёфта ва 40 нафар даргузаштанд.

Теъдоди зиёди шаҳрвандон, ҳатто бо вуҷуди алоими бемории Ковид-19 ба ӣемористон муроҷиат намекунанд, бинобарин эъломи омори дақиқ дар ин замина мумкин нест.