Июн 24, 2020 12:47 Asia/Dushanbe
  • Дархости рушанфикри самарқандӣ аз раиси ҷумҳури  Узбакистон

Ҳаким Рабимпур ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушанфикрони шаҳри Самарқанд аз раиси ҷумҳури Узбакистон дархост кардааст, ки ба забони форсии тоҷикӣ дар ин кишвар мақоми расмии давлатӣ эъто кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи pressa.tj, Ҳаким Рабимпур дар номае ба Шавкат Мирзиёев бо ишора ба таърих ва ҷойгоҳи забони форсии тоҷикӣ дар Узбакистон ва ба далели баррасии дубораи қонуни забони давлатӣ дар ин кишвар, ки аз аввали моҳи июл оғоз мегардад, аз вай дархост кардааст, ки ба забони форсии тоҷикӣ мақоми расмии давлатӣ эъто кунад.

Дар ин нома ҳамчунин аз Шавкат Мирзиёев дархост шудааст, ки донишкадаи омӯзгории шаҳри Самарқандро, ки дар дарвони шуравӣ барои мактабҳои тоҷикии Узбакистон омӯзгор тарбият мекард, бозгушоӣ кунад.

Ҳамчунин рушанфикрони Самарқанд  дар номаи худ таъкид кардаанд таъсиси шуъбаҳои ин донишкада дар тамомии вилоятҳои Узбакистон, ки дорои мактабҳои тоҷикӣ мебошанд, зарурат дорад.

Аз дигар пешниҳодҳои матраҳшуда дар номаи рушанфикрони самарқандӣ таъсиси театрҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд ва эътои иҷозатномаи  фаолият ба марокизи фарҳангӣ дар шаҳрҳои тоҷикнишини Узбакистон мебошад.

 

Барчасп