Эҷоди паёмрасони миллӣ дар Туркманистон
Июн 26, 2020 21:31 Asia/Dushanbe
Паёмрасони миллии Туркманистон эҷод мешавад.
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон дастур дод то паёмрасони миллӣ барои мубориза бо густариши иттилооти ғайривоқеӣ дар ин кишвар эҷод шавад.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Туркманистон, паёмрасони миллӣ аз густариши иттилооти ғайривоқеӣ дар дохили кишвар ҷилавгирӣ мекунад.
Вай гуфт, паёмрасони миллӣ барои табодули паёмҳо байни шаҳрвандони Туркманистон ва густариши иттилооти воқеӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.
Илова бар ин, раисҷумҳур ба расонаҳои маҳаллӣ дастур дод то бо сабтином дар шабакаҳои иҷтимоии хориҷӣ дастовардҳои иқтисодии ин кишварро таблиғ кунанд.