Июн 26, 2020 21:41 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши фурсатҳои шуғлӣ дар даврони пасокоронаии Осиёи Марказӣ

Иқтисоддони Бонки Ҷаҳонӣ муътақид аст, бозори кор дар Осиёи Марказӣ пас аз контроли бемории корона ба зудӣ беҳбуд намеёбад.

Ба гузориши вебгоҳи Бонки Ҷаҳонӣ, Вилям Ситз афзуд, теъдоди фурсати шуғлӣ дар бахшҳои давлатии Узбакистон дар муқоиса бо соли гузашта 75 дарсад ва дар бахшҳои хусусӣ 90 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ин коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, дар Қазоқистон ва Тоҷикистон низ вазъият монанди Узбакистон аст.

Ин иқтисоддон афзуд, фақат бо истинод ба ин омор метавон натиҷа гирифт, ки бозори кори Осиёи Миёна дар даврони пасокорона қодир ба беҳбудии фаврӣ нахоҳад буд.