Афғонистон - меҳвари нишасти вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ ва Амрико
Вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ (G 5 + 1) ва Амрико дар нишасти видеоӣ авзои Афғонистонро баррасӣ карданд.
Дар ин нишаст Мухтор Тлеуберди, вазири умури хориҷаи Қазоқистон, Чингиз Айдарбеков, вазири умури хориҷаи Қирғизистон, Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, Рашид Муродов, вазири умури хориҷаи Туркманистон, Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон ва Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико ва муовини вай Дейвид Ҳил ширкат карданд.
Вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин видеоконфронс дар бораи талошҳо ҷиҳати таъмини сулҳ дар Афғонистон баҳсу табодули назар карданд.
Рашид Муродов, вазири умури хориҷаи Туркманистон дар мавриди масоили Афғонистон гуфт, Ишқобод аз таомул ва ҳамкориҳое чандҷониба барои одисозии фазои сиёсӣ ва тақвияти зиндагии иҷтимоиву иқтисодӣ дар Афғонистон ҳимоят мекунад.
Муродов ҳамчунин истифода аз зарфиятҳои Созмони Милал барои кумак ба ҳаллу фасли мусолиматомези мушкили Афғонистонро муҳим унвон кард.
Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон низ бо ҳимоят аз талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои эҷоди сулҳ дар Афғонистон гуфт, Тошканд ба барқарории ҳарчӣ зудтари сулҳу субот дар Афғонистон аҳамияти вижа қоил аст, зеро суботи Осиёи Марказӣ ба вуҷуди амният дар ин кишвар бастагӣ дорад.
Маҷмаи “G 5 + 1” - созукоре барои ҳамкориҳои мутақобили кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико буда ва нахустин нишасти он сентябри соли 2015 дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк баргузор шуд.