Июл 02, 2020 11:20 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи туркманҳо аз намоишгоҳи аксу китоб дар бораи имом Ризо (а)

Намоишгоҳи аксу китоби Қизил имом (а) ё Имоми тиллоӣ ба муносибати милоди имом Ризо (а) дар Ашқобод пойтахти Туркманистон , кушоиш ёфт.

Ба гузориши Ройзании фарҳангии сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Ашқобод , дар ҳафтумин рӯз аз даҳаи каромат , Намоишгоҳи аксу китоби Қизил имом (а) дар маҳали ин Ройзании фарҳангӣ ифтитоҳ шуд ва мавриди истиқболи алоқамандони туркманӣ қарор гирифт.

Бинобар ин гузориш , ин намоишгоҳ шомили 50 тоблуакс аз ҳарами муттаҳари Имом Алӣ ибни Мусо Аризо (а) ва беш аз 100 унвон китоб дар бораи фазоил ва суханони он имоми Рауф (а) аст ,ки туркманҳо Ӯро бо унвони Қизил имом , ё Имоми тилоӣ ёд мекунанд.

Ин намоишгоҳ дар солони табақаи аввали Ройзании фарҳангии кишвари Эрон барпо шудааст ва боздидкунандагон дар мусобиқае бо мавзуи ончи аз Қизил имом (а)  медонам  ширкат мекунанд ,ки ба навиштаҳои бартар аз суи Ройзании фарҳангии кишвари  Эрон ҷавоизе эҳдо хоҳад шуд.

Имом Ризо (а) ё Қизил имом аз дербоз мавриди эҳтироми туркманҳо буда ва ҳама сола иддаи зиёде аз онон барои зиёрати марқади шарифаш ба Машҳади муқадас сафар мекунанд.

Хотирнишон мешавад ин Намоишгоҳ то шанбе 14тирмоҳ барои боздиди алоқамандон доир аст.

Туркманҳо ба имом Ризо (а) Қизил имом мегуянд зеро ҳарами мутаҳараш дорои гунбади тиллоӣ аст. Мардуми Туркманистон бо ин ,ки 70 сол дар ҳукумати камунистии Шуравӣ зиндагӣ кардаанд ва наметавонистанд аз марзҳои оҳанини он убур кунанд ва ба зиёрати имом Ризо (а) биёянд , аммо ончиро аз падарони худ дар бораи имом Ризо (а) шунида буданд , дар ҳофизаи худ доштанд ва ба имом ишқ меварзиданд.

Дар ин миён Марв ба унвони мироси муштараки фарҳанги мардуми Эрон ва Туркманистон ҳамвора дар маҷомеъи фарҳангӣ матраҳ будааст.

 

 

Барчасп