Июл 04, 2020 19:25 Asia/Dushanbe
  • Дар озмоишгоҳҳои биологикии Амрико дар Осиёи Марказӣ чӣ хабар аст?

Ҳамагирии корона мавзӯи сохти озмоишгоҳҳои биологикӣ дар Қирғизистонро мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Ҳақоиқи Қафқоз, Александр Качобоеви ҳуқуқдон таваҷҷуҳи дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳидро ба мавзӯи фаъолияти «озмоишгоҳҳои тавлиди силоҳҳои куштори ҷамъӣ» дар хоки бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз сӯи давлати Амрико ҳимояти молӣ мешаванд, ҷалб кардааст.

Ин ҳуқуқдон дар номаи худ ба дабири кул бо ишора ба маншури Созмони Миллал ва тавофуқномаи байналмиллалӣ дар бораи ҳуқуқи башар ва силоҳҳои биологикӣ, хостори баррасии фаъолиятҳои озмоишгоҳҳои Арманистон дар чорчуби ихтиёроти Шурои амнияти Созмони Миллал шуд.

Вай таъкид кард: Ҳудуди  ду ҳафтаи пеш 16 мутахассис, ки дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд, аз ӯ хостанд то аз тамоми иқдомоти мумкин барои бастани ҳудуди 10 озмоишгоҳи биологикии Амрико дар Арманистон истифода кунад.

Александр Качобоев  дар номаи худ афзудааст, тибқи иттилооте, ки ба дасташ расида ин озмоишгоҳҳо бо будҷети Иёлоти Муттаҳида фаъолият мекунанд ва дар тамоми минтақаҳои Арманистон вуҷуд доранд.

Ӯ гуфт: Тибқи ҳамин иттилоот, ин озмоишгоҳҳо зоҳиран таҳқиқоти генетикӣ мекунанд вале дар воқеият фаъолияти аслии онҳо тавлиди анвои намуди потугенҳои уфунӣ аст.

Дар айни ҳол, теъдоде аз неруҳои сиёсӣ ва коршиносон барои эҷоди Ожонси байналмиллалии контроли таҳқиқоти биологикӣ дар Бишкек даст ба ибтикори амал заданд.

Вакил Эркин Саданбеков, яке аз ин мубтакирон таъкид кард: Шуйюи корона дар ҷаҳон нишон дода, ки хатари ҷанги ҳастаӣ аз авлавиятҳои хатарнок хориҷ шуда ва ҷои худро ба ҷангҳои биологик додааст.

Вай афзуд: Шуйюи корона боиси заиф шудани иқтисоди кишварҳо, бекорӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ барои кишварҳои ҷаҳон шуд, ки оқибатҳои он камтар аз таркиши бомби ҳастаӣ нест.

Ба гуфтаи вай, ин гурӯҳи мубтакирон ба раҳбарони кишварҳои пешрав, Созмони Миллали Муттаҳид ва ҳамаи созмонҳои байналмиллалӣ мутавассил шуда ва хостори таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таҳдидоти марбут ба эминии биологикӣ шуданд.

Онҳо таъкид карданд, ки фақат бо контроли муштарак метавон ҷиҳатгирии нодурусти таҳқиқоти биологикии тамомии озмоишгоҳҳо дар кишварҳои мухталифро мутаваққиф кард.