Июл 08, 2020 20:31 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти тиҷорати дуҷонибаи Туркманистон ва Италия  

Туркманистон тиҷорати дуҷониба бо Италияро тақвият мекунад.

Ба гузориши “Аки пресс”, ҷаласаи ғайрирасмии маҷмаи тиҷории Туркманистон ва Италия, ки бо ҳузури Монлео ди Истефано, муовини вазири умури хориҷа ва ҳамкориҳои байналмилалии Италия ба сурати конфронси видеоӣ баргузор шуд.

Диего Онгаро, сафири Италия дар Туркманистон гуфт, додаҳои омори мунташиршудаи муассисаи миллии омори Италия дар марти имсол нишон медиҳад, ки мизони тиҷорати дуҷониба байни Италия ва Туркманистон соли 2019 дар муқоиса бо соли қабли он 83 дарсад, ҳудуд 143 миллион евро афзоиш доштааст.

Ҳамчунин соли гузашта арзиши содироти Италия ба Туркманистон 53 миллион евро ва арзиши воридоти ин кишвар аз Туркманистон 90 миллион евро эълом шуд.

Умдаи содироти Италия ба Туркманистон таҷҳизоти барқӣ (17.7 миллион евро) , мошинолот (14.2 миллион евро) ва маҳсулоти лостикӣ ва плостикӣ (8.4 миллион евро) будааст.

Сӯхт (71.7 миллион евро) ва маҳсулоти фароваришуда (14.7 миллион евро), маҳсулоти нассоҷӣ (2.0 миллион евро) ва маводи кимиёӣ (1.6 миллион евро) низ аз ҷумлаи маҳсулоти воридотии Италия аз Туркманистон будааст.