Афзоиши мубталоён ба коронавирус дар Узбакистон
Июл 11, 2020 09:22 Asia/Dushanbe
Вазорати беҳдошти Узбакистон аз афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар хабар дод.
Вазорати беҳдошти Узбакистон теъдоди мубталоён ба коронавирус дар ин кишварро 11 723 нафар эълом кард.
Тибқи гузориши Вазорати беҳдошти Узбакистон, беҳбудёфтагон низ 7 287 нафар ва 52 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.
Бар асоси ин гузориш, дар ҳоли ҳозир 4 384 бемор бистарӣ ҳастанд, ки ҳоли 52 нафар аз онҳо вахим аст.