Июл 13, 2020 18:06 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мубталоён ба корона дар Ӯзбекистон ва Қазоқистон

Шумораи мубталоён ва ҷонбохтагони корона дар Ӯзбекистон ва Қазоқистон афзоиш ёфт.

Ба гузориши радиои  Садои Хуросони  Разавӣ, Вазорати тандурустии Ӯзбекистон эълом кард, дар 24 соати гузашта омори мубталоён ба вируси корона дар ин кишвар рӯ ба афзоиш будааст. 
 
 Тибқи гузориши Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон, то кунун теъдоди мубталоён ба корона дар ин кишвар ба 12 ҳазору 706 нафар, беҳбудёфтагон 7ҳазору 723 нафар ва ҷонибохтагон ҳам ба 58 нафар расидааст. 
 
Бар асоси ин гузориш, дар ҳоли ҳозир 4925 нафар бемор таҳти муолиҷа қарор доранд. 
 
 Мубталоён ба корона дар Ќазоқистон ҳам рӯ ба афзоиш аст. 
 
 Раисҷумҳури Қазоқистон эълом кард барои муқобила бо вируси ҳамагири корона аз бюджети кишвар 365 миллион доллари дигар тахсис дода хоҳад шуд. 
 
 Бар асоси гузориши Вазорати беҳдошти Қазоқистон, шумори афроди мубтало ба корона дар ин кишвар 54 ҳазору747 нафар, беҳбудёфтагон 31 ҳазору 815 нафар ва ҷонбохтагон ба 280 нафар расидааст.