Июл 15, 2020 08:45 Asia/Dushanbe
  • Туркманистон; аз инкори корона то иҷбори ниқоби тиббӣ задан

Дар Туркманистон агар чи то кунун ҳеҷ мавриде аз гирифторӣ ба бемории КОВИД-19 сабт нашуда, аммо задани ниқоби тиббӣ дар маконҳои умумӣ иҷборӣ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, хабаргузории Туркманистон -Туркман Пресс- рӯзи сешанбе зимни ишора ба ин ки то кунун мавриди мусбате аз КОВИД-19 миёни мардуми Туркманистон мушоҳида нашуда, эълом кард истифода аз ниқоби тиббӣ дар маконҳои умумӣ иҷборӣ шудааст ва бозорҳо ва марокизи тиҷории бузург ба манзури пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус таътил мешаванд.

Ин расонаи туркманӣ афзудааст: Бар асоси иттилооти сокинони Ишқобод, мақомоти полис бо риояти гигиенаи шахсӣ дар хиёбонҳо ба гаштзанӣ мепардозанд ва зимни назорат бар раванди иҷрои муқаррарот, бар истифода аз ниқоби тиббӣ таъкид мекунанд.

Бар асоси ин гузориш, мақомоти полис дар даромадгоҳи шаҳрҳо ба вижа ҳангоми вуруд ба шаҳри Туркманбошӣ ба ронандагон ниқоби тиббии ройгон медиҳанд.

Ин гузориш ҳокӣ аст, ки коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ҳоли ҳозир дар Туркманистон ҳузур доранд ва ба баррасии вазъият ва арзёбии вазъияти зерсохтҳои беҳдоштии ин кишвар мепардозанд.

Ҳарчанд дастрасии расонаҳо ба иттилооти омори беморон дар Туркманистон душвор аст, бо ин вуҷуд бархе расонаҳои озод аз афзоиши мавориди беморони тангии нафас ва илтиҳоби шуш гузориш медиҳанд.