Ирсоли кумакҳои пизишкии Қазоқистон то поёни сол ба Тоҷикистон
(last modified 2020-07-15T16:10:18+00:00 )
Июл 15, 2020 21:10 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли кумакҳои пизишкии Қазоқистон то поёни сол ба Тоҷикистон

Қазоқистон дастгоҳҳои танаффуси маснуӣ ба Тоҷикистон ирсол мекунад.

Людмила Бюрабекова, муовини вазири беҳдошти Қазоқистон гуфт, давлати Қазоқистон дар назар дорад ироаи кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистонро дар қолаби дастгоҳҳои танаффуси маснуии қобили ҳамл то поёни сол анҷом диҳад. Ӯ афзуд, аз ин дастгоҳҳо метавон ҳангоми интиқоли беморон дар худравҳои ҳамли бемор истифода кард.

Қазоқистон аввалин бор нест, ки кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон ирсол мекунад. Дар моҳи апрел ва май низ мақомоти Қазоқистон миқдори зиёде орд ба Тоҷикистон ирсол карданд.