Даргузашти муовини аввали устондори Туркистони Қазоқистон бар асари коронавирус
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i55543-Даргузашти_муовини_аввали_устондори_Туркистони_Қазоқистон_бар_асари_коронавирус
Муовини аввали устондори Туркистони Қазоқистон бар асари ибтило ба коронавирус фавт кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 18, 2020 09:38 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти муовини аввали устондори Туркистони Қазоқистон бар асари коронавирус

Муовини аввали устондори Туркистони Қазоқистон бар асари ибтило ба коронавирус фавт кард.

Ба нақл аз Форс, Сокин Калкамонов, муовини устондори минтақаи Туркистони Қазоқистон аз даргузашти Қосим-Ойтим Ҳамбетов, муовини авввали ин минтақа хабар дод.

Вай дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт: Қосим-Ойтим Ҳамбетов, муовини аввали устондори минтақаи Туркистони Қазоқистон шаби гузашта дар синни 57-солагӣ даргузашт. Таслияти самимонаи худро ба хонавода ва азизони марҳум иброз мекунам.

Асит Исо Кешов, дабири Шӯрои амнияти Қазоқистон ба навбати худ, дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ки муовини устондори минтақаи Туркистони ин кишвар, бар асари коронавирус фавт кардааст.