Таътили бозорҳо, марказҳои тиҷорӣ ва бархе идораҳо дар Туркманистон
Давлати Туркманистон барои мубориза бо густариши бемориҳои сироятӣ бозорҳо, марказҳои тиҷорӣ ва бархе идораҳоро таътил кард.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, бо ин ки ҳануз гузорише дар бораи ибтило ба вируси корона дар Туркманистон гузориш нашудааст, аммо дар ин кишвар аз имрӯз маҳдудиятҳои нав барои ҷилавгирӣ аз густариши бемориҳои сироятӣ иҷро шуда, ки бар асоси он бархе бозорҳо, марказҳои тиҷорӣ ва ресторанҳо таътил шудааст.
Бар асоси ин гузориш, бозорҳо ва марказҳои тиҷорӣ дар Туркманистон аз имрӯз то аввали август барои безараргардонӣ таътил хоҳад шуд, аммо дигар касаба ҳамчунон машғул ба кор хоҳанд буд.
Дар маконҳои ҷамъиятӣ низ шаҳрвандони Туркманистон бояд фосилаи 2 метриро риоят кунанд. Ҳамчунин фаъолияти масҷидҳо ва дигар ниҳодҳои мазҳабӣ қатъ шудааст.
Коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ адами сабти мавориди корона дар Туркманистонро таъйид кардаанд, аммо афзоиши чашмгири омори бемориҳои сироятиро дар ин кишвар нигаронкунанда хондаанд.