Июл 26, 2020 08:35 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши шадиди содироти барқи Тоҷикистон ба Узбакистон

Мақомоти ширкати миллии Барқи Узбакистон аз коҳиши қобили мулоҳизаи воридоти барқ аз Тоҷикистон ба кишварашон хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ширкати миллии Барқи Узбакистон, ба далели коҳиши захираҳои оби пушти садҳои Тоҷикистон акнун интиқоли барқи ин кишвар ба Узбакистон аз 12 миллион киловат соат дар шабонарӯз ба 300 ҳазор киловат соат расидааст.

Аз рӯзи 21 июл навасоноте дар фаъолияти шабакаҳои барқи Узбакистон рух дод, ки маълум шуд далели ин ихтилол коҳиши барқи воридотӣ аз Тоҷикистон будааст.

Акнун мақомоти ширкати миллии Барқи Узбакистон талош мекунанд, ки камбуди барқро бо воридот аз Туркманистон ҷуброн кунанд ва дар соатҳое аз шабонарӯз ҷирабандии барқ низ иҷро хоҳад шуд.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар ин маврид ибрози назар накардаанд.

Чанде қабл Ҷамшед Шоимзода- муовини вазири энерживу оби Тоҷикистон эълом карда буд, ки дар шаш моҳи нахусти имсол аз ҳисоби фурӯши барқ ба Узбакистон 7 миллиону ва 200 ҳазор доллар даромад ба даст омадааст.

Вай таъкид карда буд, ки мизони содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва Узбакистон дар шаш моҳи нахусти имсол нисбат ба соли гузашта бо 345 миллион киловат соат коҳиш ба 912.4 миллион киловат соат расидааст.

 

Барчасп