Афзоиши теъдоди мубталоён ва ҷонбохтагони коронавирус дар Ӯзбекистон ва Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i55842-Афзоиши_теъдоди_мубталоён_ва_ҷонбохтагони_коронавирус_дар_Ӯзбекистон_ва_Қазоқистон
Теъдоди мубталоён ва ҷонбохтагони коронавирус дар кишварҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон афзоиш ёфт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 27, 2020 11:52 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди мубталоён ва ҷонбохтагони коронавирус дар Ӯзбекистон ва Қазоқистон

Теъдоди мубталоён ва ҷонбохтагони коронавирус дар кишварҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон афзоиш ёфт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ Вазорати тандурустии Ӯзбекистон эълон кард, шумори мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба 20 ҳазору 226 нафар расидааст.

Токунун 112 нафар низ дар Ӯзбекистон бар асари корона ҷон бохтанд.

Вазорати тандурустии Қазоқистон ҳам аз афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба 80 ҳазору 226 нафар хабар дод ва эълон кард, аз ин теъдод 610 нафар ҷон  бохтанд.