Тамдиди эътибори визаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Узбакистон
Август 05, 2020 11:10 Asia/Dushanbe
Давлати Узбакистон муддати эътибори визаи ҳамаи шаҳрвандони хориҷии муқими ин кишварро то охири имсол тамдид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, дар нишасти ахири Комиссияи вижаи раёсатҷумҳурии Узбакистон барои мубориза бо корона тасвиб шуд, ки муддати эътибори визаи ҳамаи шаҳрвандони хориҷии муқими ин кишвар ба таври худкор то поёни соли 2020 тамдид шавад.
Ин комиссия дар гузориши худ эълом кард шаҳрвандони хориҷие, ки эътибори визаи онҳо дар ин муддат ба поён бирасад ҷарима нахоҳанд шуд.
Узбакистон аз 16 март барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона иртибототи райлӣ ва ҳавоиро бо кишварҳои хориҷӣ мутаваққиф кардааст.