Тамдиди таътили марказҳои тиҷорӣ ва ресторанҳо дар Туркманистон
(last modified Sat, 08 Aug 2020 13:54:34 GMT )
Август 08, 2020 18:54 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди таътили марказҳои тиҷорӣ ва ресторанҳо дар Туркманистон

Давлати Туркманистон, ки вуҷуди вируси корона дар ин кишварро ҳамчунон инкор мекунад, таътили фурушгоҳҳо, марказҳои тафреҳӣ ва ресторанҳоро дар шаҳри «Ишқобод» тамдид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, давлати Туркманистон чанде пеш ресторанҳо, марказҳои тиҷорӣ ва идораҳои хадамот дар шаҳри «Иишқобод»-ро барои безараргардонӣ дар муқобили шуйюи вируси корона таътил кард.

Дар ҳоле, ки қарор буд марокизи тиҷорӣ ва ресторанҳо пас аз 10 рӯз аз оғози таътил боз шаванд, аммо давлат ҳамчунон иҷозаи фаъолияти дубора ба ин марокизро надода ва дар ин замина низ ҳеҷгуна иттилоърасоние нашудааст.

Созмонҳои давлатӣ ва хусусӣ низ таътил ва коргарон ба мураххасии бидуни маош фиристода шудаанд ва барои ин шаҳрвандон низ имконоти тести корона фароҳам шудааст.

Вазорати беҳдошти Туркманистон ҳам аз мардум хостааст то аз ниқобак истифода ва фосилаи иҷтимоиро риоят кунанд.

Иқдомоти мушобеҳи карантини умумӣ дар Туркманистон пас аз боздиди коршиносони Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ иҷро шуд.

Ҳамзамон расонаҳои минтақа аз афзоиши омори маргу мири бархоста аз бемории илтиҳоби шуш дар Туркманистон хабар медиҳанд.