Август 09, 2020 10:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳимоят аз қишрҳои осебдида аз корона; авлавияти давлати Узбакистон

Раиси ҷумҳури Узбакистон саломатии мардум ва ҳимоят аз қишрҳои осебдида аз вируси коронаро авлавияти аслии давлати Тошканд донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Шавкат Мирзиёев рӯзи шанбе ҳамчунин таъкид кард, рӯйхатти хонаводаҳои ниёзманди кумакҳои модӣ бояд дар маҳаллаҳо бо адолат таҳия ва дар шуроҳои маҳаллӣ тасвиб шавад.

Мирзиёев афзуд: 19 миллиону 889 ҳазор доллар подош барои 50 ҳазор корманди хадамоти фавриятҳои пизишкӣ дар Узбакистон дар назар аст.

Бар асоси охирин оморҳо ҳудуди 26 ҳазор нафар дар Узбакистон ба КОВИД-19 мубтало шудаанд.