Набераи Нурсултон Назарбоев даргузашт
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i56602-Набераи_Нурсултон_Назарбоев_даргузашт
Духтари Нурсултон Назарбоев нахустин Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон, ахбори мунташиршуда дар бораи марги ногаҳонии писараш Ойсултонро таъйид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 17, 2020 14:41 Asia/Dushanbe
  • Набераи Нурсултон Назарбоев даргузашт

Духтари Нурсултон Назарбоев нахустин Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон, ахбори мунташиршуда дар бораи марги ногаҳонии писараш Ойсултонро таъйид кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории РИА Новости Дариға дар паёме навишт: «Хонаводаи ман дар ғами аз даст додани Ойсултони азиз гирифтор аст.» 
 
 Иллати марги Ойсултон набераи 30 солаи Нурсултон Назарбоев дар ҳоли баррасӣ аст. 
 
 Бар асоси гузоришҳои аввалияи расонаҳо, вай дар Лондон ба иллати исти қалбӣ даргузаштааст. 
 
 "Ойсултон" фарзанди Дариға Назарбоева духтари бузурги Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон ва Роҳат Алиев аст. 
 
 Вай, ки хатмкунандаи академияи низомии салтанатӣ дар "Санҳарст" буд ва барои муддате ба раёсати дафтари иттилоотии Вазорати дифои Қазоқистон мансуб шуда буд, дар феврали 2020 аз давлати Англия дархости паноҳандагии сиёсӣ дода буд ва аз он замон токунун дар Лондон зиндагӣ мекард. 
 
 Хабари даргузашти набераи Нурсултон Назарбоев дар ҳоле мунташир мешавад, ки бархе расонаҳои Русия ба иштибоҳ аз марги Нурсултон Назарбоев аввалин Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон хабар дода буданд. 
 
Нурсултон Назарбоев,ки чанде қабл эълом шуд ба вируси корона мубтало шудааст баъд аз муддате бо ҳузур дар расонаҳо аз саломатӣ ва беҳбудии худ хабар дод.