Муҳоҷират, меҳвари нишасти мақомоти Узбакистон ва Туркманистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i56673-Муҳоҷират_меҳвари_нишасти_мақомоти_Узбакистон_ва_Туркманистон
Намояндагони вазоратхонаҳои хориҷаи Узбакистон ва Туркманистон дар нишасти видеоӣ ҳамкории мутақобил дар заминаи муҳоҷиратро баррасӣ карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 19, 2020 20:02 Asia/Dushanbe
  • Муҳоҷират, меҳвари нишасти мақомоти Узбакистон ва Туркманистон

Намояндагони вазоратхонаҳои хориҷаи Узбакистон ва Туркманистон дар нишасти видеоӣ ҳамкории мутақобил дар заминаи муҳоҷиратро баррасӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, дар ин нишасти видеоии рӯзи чаҳоршанбе, намояндагони хадамоти консулии вазорати умури хориҷа ва ҳамчунини созмонҳои ҳуқуқӣ ва дипломатики Узбакистон ва Туркманистон ширкат карданд.

Тибқи ин гузориш, ду тараф ба ҳамкориҳои мутақобил дар заминаи муҳоҷират ва иҷрои мафоди қарордодҳои дуҷониба таваҷҷуҳи хос доштанд ва чигунагӣ ва чашмандози ҳамкориҳои мутақобил байни созмонҳои ҳуқуқии ду кишварро баррасӣ карданд.