Бердимуҳаммадов ислоҳоти қонуни асосии Туркманистонро таъйид кард
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i56710-Бердимуҳаммадов_ислоҳоти_қонуни_асосии_Туркманистонро_таъйид_кард
Раиси ҷумҳури Туркманистон ислоҳоти қонуни асосии ин кишварро таъйид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 21, 2020 16:05 Asia/Dushanbe
  • Бердимуҳаммадов ислоҳоти қонуни асосии Туркманистонро таъйид кард

Раиси ҷумҳури Туркманистон ислоҳоти қонуни асосии ин кишварро таъйид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, пас аз таъйиди ислоҳот дар қонуни асосӣ, нусхаи ниҳоии ин ислоҳот барои баррасӣ дар рӯзи 24 август, ба Маҷлиси Туркманистон ироа мешавад.

Соли гузашта Қурбонқулӣ Бердмуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон дар нишасти Шурои мардумӣ аз зарурати ислоҳи қонуни асосии кишвараш барои афзоиши ихтиёроти Шурои мардумӣ хабар дода буд.

Пеш аз ин Шурои мардумӣ танҳо як ниҳоди ифтихорӣ буд, ки дар он решсафедони кишвар ҳузур доштанд, аммо тасмимоти ин шуро лозимулиҷро набуд.

Бо ислоҳи қонуни асосии Туркманистон ихтиёроти заминаи қонунгузорӣ байни маҷлис ва Шурои мардумӣ тақсим ва дар ҳақиқат ду парлумон дар ин кишвар ташкил мешавад.