Талоши Ӯзбакистон барои ҳамгароии кишварҳои Осиёи Марказӣ
Вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон эълом кард, санаде барои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қарни бистуякум дар дасти таҳия аст.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Ӯзбакистони рӯзи ҷумъа гуфт, панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон) ба таври муштарак як санади байналмилалӣ дар мавриди дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ барои тавсеаи минтақа дар қарни 21 таҳия мекунанд.
Комилов афзуд, як шакли ҷадид аз ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ эҷод шудааст.
Вазири хориҷаи Ӯзбакистон ҳамчунин хотирнишон кард, ҷаласоти мушовираии раисони кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз нишасти дувуми ноябри соли 2019 дар Тошканд мудом дар ҳоли баргузорӣ аст.