Табрики раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон ба муносибати Рӯзи истиқлоли Узбакистон
Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон дар паёмҳои ҷудогона фаро расидани бисту нуҳумин солгарди истиқлоли Узбакистонро ба ҳамтои узбакистонии хеш ва миллати ин кишвар табрик гуфтанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Узбакистон, дар паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев омадааст, ки Узбакистон дар даврони истиқлоли худ ба рушд ва пешрафти зиёде даст ёфтааст, ки муҷиби ифтихори Тоҷикистон низ ҳаст.
Раҳмон меафзояд: Узбакистон дар ин солҳо ба таҳаввулоти муҳимме дар сохтори давлат, тазмини тавсеаи иқтисодии пойдор ва тақвияти иқтидори худ дар саҳнаи байналмиллалӣ даст ёфтааст ва мо ҳамеша аз ин дастовардҳои ҳамсояи наздики худ хушҳолем ва барои тақвият ва густариши мудовими равобити дӯстии Узбакистон ва Тоҷикистон ва ҳамкории чандҷониба барои манофеъи мардуми ду кишвар аҳамияти зиёде қоил ҳастем.
Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид бар ин ки густариши муносибот бо Узбакистон дар авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад ибрози итминон кард, ки равобити ҳамсоягии хуб байни ду кишвар, ки аз суннатҳои ғании таърихӣ бархурдоранд, дар масири ҳамкории созанда ва ба сурати пӯё идома хоҳад ёфт.
Ҳасани Рӯҳонӣ- раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам рӯзи сешанбе дар паёме ба Шавкат Мирзиёев таъкид кард: Иштирокоти фарҳангӣ ва ташрики масоии дуҷониба, нақши қобили таваҷҷуҳе дар густариш ва тадовуми таомулот дар шароити бархоста аз буҳрони ҷаҳонии вируси корона доштааст.
Рӯҳонӣ ибрози умедворӣ кард: Ҳамкориҳои Эрон ва Узбакистон дар ҷиҳати таъмини манофеъи ду миллат беш аз пеш таҳким ва таъмиқ ёбад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин дар ин паём барои давлат ва мардуми Узбакистон саломатӣ, муваффақият, рифоҳ ва беҳрӯзӣ орзӯ кардааст.
Узбакистон дар аввали сентябри 1991, истиқлоли худро аз Иттиҳоди ҷамоҳири шуравӣ эълом кард.