Сентябр 02, 2020 20:26 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Ӯзбакистон: Сабти болотарин нархи таваррум дар ИДМ

Кумитаи омори кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) эълом кард, ки дар шаш моҳи нахусти имсол болотарин мизони таваррум дар Тоҷикистон ва Ӯзбакистон сабт шудааст.

Ба гузориши сомонаи Кумитаи омори кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд, дар ин муддат дар Тоҷикистон нархи таваррум ба 4, 3 дарсад ва дар Ӯзбакистон ба 4, 6 дарсад расидааст.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузориши Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, дар нимаи нахусти имсол ба далели афзоиши қимати маводи ғизоӣ дар бозорҳои ин кишвар, мизони таваррум 7,5 дарсад будааст.

Дар ин муддат қимати себзаминӣ 45,4 дарсад, макарон 22, 7 дарсад, орди гандум 17, 7, нон 13,5, гази мойеъ 13, 8 ва билети ҳавопаймо 30 дарсад афзоиш ёфтааст.

Аммо Бонки Миллии Тоҷикистон эълом кард, ки талош мекунад имсол нархи таваррумро дар шохиси 7 дарсад ҳифз кунад.

Далели аслии афзоиши таваррум ва қимати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол, густариши вируси корона, баста шудани марзҳо ва коҳиши фаъолиятҳои иқтисодиву тиҷорӣ аст.

 

 

 

Барчасп