Сентябр 05, 2020 18:45 Asia/Dushanbe
  • Ӯзбакистон ва радди иддаои Тоҷикистон дар бораи содироти газ

Вазорати энержии Ӯзбакистон иддаои мақомоти Тоҷикистонро дар бораи қатъи содироти газ ба кишвари ҳамсоя рад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник , дар баёнияи Вазорати энержии Ӯзбакистон таъкид шудааст, ки то поёни августи имсол ба Тоҷикистон  139 миллиону 500 ҳазор метри мукааб  газ интиқол дода шудааст .
Бар асоси ин баёния , тарафи Ӯзбакистон ба тааҳудоти хеш барои содироти 200 миллион метри мукааби газ ба Тоҷикистон то охири имсол  амал хоҳад кард .
Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи қабл Абдулмаҷиди Мӯминзода раиси хадамоти зидди инҳисории Тоҷикистон аз қатъи содироти гази Ӯзбакистону Қазоқистон ба Тоҷикистон хабар дод .
Вай эълом кард, ки Қазоқистон ба муддати як моҳ ва Ӯзбакистон то поёни соли 2020 ба Тоҷикистон  газ содир нахоҳанд кард .
Далели қатъи содироти гази Ӯзбакистон ва Қазоқистон ба Тоҷикистон мушаххас нест. Аммо бархе коршиносон мегӯянд, ки иллати эҳтимолии ин иқдоми Ӯзбакистон , қатъи содироти барқи Тоҷикистон ба ин кишвар аст .

Барчасп