Муҷозот барои сироятдиҳандагони амдии бемориҳо дар Туркманистон
Сентябр 08, 2020 18:35 Asia/Dushanbe
Дастгоҳи қазоии Туркманистон барои сироятдиҳандагони бемориҳои уфунӣ дар ин кишвар муҷозот таъин кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс , тибқи модаи 119 қонуни кайфарии Туркманистон , ҳар гуна махфикорӣ , фирор аз дармон ва ё интиқоли огоҳонаи беморони уфунӣ монанди спид ё корона бо муҷозоти ду сол зиндон рӯ ба рӯ хоҳад шуд .
Тибқи ин қонун, ки аз ҳафтуми сентябри 2020 ба иҷро даромада , агар фарде ба нақзи мукаррари он иқдом кунад муҷозоти он панҷи сол зиндон аст .
Ҳамчунин агар афроде ба мутахаллифон дар ин замина кӯмак кунанд низ ба ҳамроҳи шахси хилофкор , то се сол аз ҳаққи касби муқеъиятҳои хос маҳрум мешаванд .