Сентябр 14, 2020 09:53 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мубталоён ба КОВИД-19 дар Осиёи Марказӣ

Дар кишварҳои Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон шумори беморони КОВИД-19 ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Вазорати беҳдошти Узбакистон аз афзоиши теъдоди мубталоён ба корона дар ин кишвар ба 47 ҳазору 42 нафар хабар дод.

Аз ин теъдод, 43 ҳазору 511 нафар беҳбуд ёфтанд ва 400 нафар низ ҷон бохтанд.

Бар асоси ин гузориш, дар ҳоли ҳозир 3 ҳазору 143 нафар бемори таҳти муолиҷа қарор доранд, ки ҳоли 706 нафар аз онҳо ногувор аст.

Вазорати беҳдошти Қирғизистон ҳам бо эъломи мубтало шудани 53 мавриди ҷадид ба вируси корона дар 24 соати гузашта эълом кард шумори мубталоён ба 44 ҳазору 881 нафар расидааст, ки як ҳазору 63 нафар аз онон ҷон бохтанд.

Дар Қазоқистон низ бар асоси охирин омори Вазорати беҳдошти ин кишвар, шумори куллии мубталоён ба вируси корона аз 13 март то кунун ба 106 ҳазору 729 нафар, беҳбудёфтагон 100 ҳазору 518 нафар ва ҷонбохтагон як ҳазору 634 нафар эълом шудааст.

 

Барчасп